Аҳмад Абу Исмоил: «Равшан» дастаи тасодуфӣ нест

Март 18, 2014 14:58

Душанбе, 18.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи «Зат Рас»-и Урдун дар варзишгоҳи «Металург»-и шаҳри Турсунзода дидори даври сеюми худро дар гурӯҳи «А» анҷом медиҳад.
Дар нишасти хабарие, ки дирӯз дар Душанбе бо ширкати мураббиёни ҳарду даста гузаронида шуд, онҳо аз омодагии хуби бозингаронашон дарак доданд, вале ин дар ҳоле, ки мураббиён аз рақибони худ  изҳори камиттилоӣ карданд.
— Мо аз бозиҳои гузаштаи дастаи «Зат Рас» он қадар бохабар нестем ва намедонем, ки то куҷо бозингарони дастаи мазкур истодагарӣ карда метавонанд, аммо ҳар як бозингар пеш аз баромаданаш ба майдони рақобат танҳо фикри ғолиб шуданро мекунад, мо ва бозингарони мо низ танҳо фикри ғолиб шуданро мекунем,- гуфт сармураббии дастаи «Равшан» Маъруф Рустамов зимни нишасти хабарӣ.  
Маъруф Рустамов, сармурабии дастаи «Равшан» аз лат бардоштани ду бозингари асосии дастааш- Даврон Тӯхтасунов ва Абдусамад Хоҷаев изҳори нигаронӣ карда, гуфт, моро бозии на он қадар оддӣ дар пеш аст. Ба майдон баромадани ин ду ҳимоятгари даста дар бозии имрӯза зери суол мемонад.
Аҳмад Абу Исмоил, сармураббии дастаи «Зат Рас» дар мавриди дастаи «Равшан» кам иттилоъ доштанашонро иқрор шуда, вале гуфт: «Медонем, ки дастаи хуб аст, бозингарони хуб дорад, чун дар бозиҳои Ҷоми АФК дастаи тасодуфӣ намеафтад. Дастаи мо низ барои дидори имрӯз хуб омодагӣ дидааст ва танҳо барои ғолиб шудан ба ин ҷо омадааст».
 

Март 18, 2014 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад