Аҳмад Абу Исмоил: «Равшан» дастаи тасодуфӣ нест
Душанбе, 18.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи «Зат Рас»-и Урдун дар варзишгоҳи «Металург»-и шаҳри Турсунзода дидори даври сеюми худро дар гурӯҳи «А» анҷом медиҳад.
Дар нишасти хабарие, ки дирӯз дар Душанбе бо ширкати мураббиёни ҳарду даста гузаронида шуд, онҳо аз омодагии хуби бозингаронашон дарак доданд, вале ин дар ҳоле, ки мураббиён аз рақибони худ изҳори камиттилоӣ карданд.
— Мо аз бозиҳои гузаштаи дастаи «Зат Рас» он қадар бохабар нестем ва намедонем, ки то куҷо бозингарони дастаи мазкур истодагарӣ карда метавонанд, аммо ҳар як бозингар пеш аз баромаданаш ба майдони рақобат танҳо фикри ғолиб шуданро мекунад, мо ва бозингарони мо низ танҳо фикри ғолиб шуданро мекунем,- гуфт сармураббии дастаи «Равшан» Маъруф Рустамов зимни нишасти хабарӣ.
Маъруф Рустамов, сармурабии дастаи «Равшан» аз лат бардоштани ду бозингари асосии дастааш- Даврон Тӯхтасунов ва Абдусамад Хоҷаев изҳори нигаронӣ карда, гуфт, моро бозии на он қадар оддӣ дар пеш аст. Ба майдон баромадани ин ду ҳимоятгари даста дар бозии имрӯза зери суол мемонад.
Аҳмад Абу Исмоил, сармураббии дастаи «Зат Рас» дар мавриди дастаи «Равшан» кам иттилоъ доштанашонро иқрор шуда, вале гуфт: «Медонем, ки дастаи хуб аст, бозингарони хуб дорад, чун дар бозиҳои Ҷоми АФК дастаи тасодуфӣ намеафтад. Дастаи мо низ барои дидори имрӯз хуб омодагӣ дидааст ва танҳо барои ғолиб шудан ба ин ҷо омадааст».








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






