Адибону олимони Ҳисор дар Донишгоҳи омӯзгорӣ
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 3000-солагии Ҳисори Шодмон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ибтикори кафедраи фалсафа таҳти унвони «Таърихи сеҳазорсолаи Ҳисор ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ҷамъомад аҳли илму адаби ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла, Султонмурод Одинаев, Зафар Дӯстов, Ортиқи Қодир ва дигарон ширкат варзиданд. Тибқи иттилои котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим дар конфронс ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов дар хусуси таърихи чандҳазорсолаи водии Ҳисор мухтасар сухан гуфт.
Зикр шуд, ки Ҳисор аслан аз Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ибтидо гирифта, то Оби Гарми Тоҷикистон доман паҳн карда буд. Имрӯзҳо ин сарзаминро водии Ҳисор меноманд. Ҳисор таърихи қадима дорад, ки мувофиқи маълумоти бостоншиносон ба давраи неолит мерасад. Ҳисор бо номҳои Шумон ва Шодмон низ маълум аст. Масалан, дар китоби «Авасто» доир ба Шумон маълумот мавҷуд мебошад.
Маърӯзагарон қалъаи Ҳисорро асоситарин мероси таърихию фарҳангии водӣ арзёбӣ намуданд. Тибқи гуфтаи онҳо, қалъа дар баландӣ ҷойгир буда, масоҳаташ 17 гектар аст. Қалъаи Ҳисор аз қисмҳои Куҳандиз, Уштурхона ва Қӯрғони кӯлоба иборат мебошад.
Ректор А.Раҳмонов дар поёни ҷамъомад изҳор дошт, ки пиромуни таърихи тӯлонии водии Ҳисор маълумотҳо зиёданд ва наметавон бо як конфронс ҳамаи онро ироа кард. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ин гуна ҳамоишҳоро пайваста баргузор намуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






