Адибону олимони Ҳисор дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Март 14, 2014 16:57

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 3000-солагии Ҳисори Шодмон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ибтикори кафедраи фалсафа  таҳти унвони «Таърихи сеҳазорсолаи Ҳисор ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид.  Дар ҷамъомад  аҳли илму адаби ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла, Султонмурод Одинаев, Зафар Дӯстов, Ортиқи  Қодир ва дигарон ширкат варзиданд. Тибқи иттилои котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим дар конфронс ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов дар хусуси таърихи чандҳазорсолаи водии Ҳисор мухтасар сухан гуфт. 
Зикр шуд, ки Ҳисор аслан аз Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ибтидо гирифта, то Оби Гарми Тоҷикистон доман паҳн карда буд. Имрӯзҳо ин сарзаминро водии Ҳисор меноманд. Ҳисор таърихи  қадима дорад, ки мувофиқи маълумоти бостоншиносон ба давраи неолит мерасад. Ҳисор бо номҳои Шумон ва Шодмон низ маълум аст. Масалан, дар китоби «Авасто» доир ба Шумон маълумот мавҷуд мебошад. 
Маърӯзагарон қалъаи Ҳисорро асоситарин мероси таърихию фарҳангии водӣ арзёбӣ намуданд. Тибқи  гуфтаи онҳо,  қалъа дар баландӣ ҷойгир буда, масоҳаташ 17 гектар аст.  Қалъаи Ҳисор аз  қисмҳои Куҳандиз, Уштурхона ва  Қӯрғони кӯлоба иборат мебошад.
Ректор А.Раҳмонов дар поёни ҷамъомад изҳор дошт, ки пиромуни таърихи тӯлонии водии Ҳисор маълумотҳо зиёданд ва наметавон бо як конфронс ҳамаи онро ироа кард. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ин гуна ҳамоишҳоро пайваста баргузор намуд.   
 
 
 

Март 14, 2014 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд