Афзоиши суғуртаи ҳаёт ва молу амвол
Хоруғ, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Хизматрасонии иҷтимоии КВД «Тоҷиксуғурта» дар ВМКБ густариш ёфта, дар соли 2013-ум корхона бештар аз 336 ҳазор сомонӣ суғуртапулӣ ба ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқии шаҳру навоҳии вилоят пардохт намудааст.
Хизматрасонии иҷтимоии «Тоҷиксуғурта» дар ВМКБ сол ба сол густариш меёбад. Дар айни ҳол корхона бо 71 ҳазору 611 нафар ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ шартнома дошта, дар тӯли як соли охир ин нишондиҳанда се ҳазор афзудааст. Ба гуфтаи муовини сардори «Тоҷиксуғурта» Дурдона Шехмамадова корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ва идораву муассисаҳо боис гардидаанд, ки шартномаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ зиёд ва ҳаҷми пардохти суғуртапулӣ афзоиш ёбад.
Шаҳрвандон бояд донанд, ки ҳаҷми пардохти суғуртапулӣ барояшон ба маблағи шартномаи суғуртавии бастаи байни онҳо ва маъмури минтақавӣ вобаста мебошад, зеро ҳеҷ кас аз эҳтимолияти пеш омадани ҳолати суғуртавӣ эмин намебошад ва хуб мешуд, ки шаҳрвандон ҳаёти худ ва фарзандонашон, молу амвол, воситаҳои нақлиёт ва ё ҳайвоноти хонагиашонро суғурта кунанд, то дар ҳолати суғуртавӣ кумаки молиявӣ гирифта тавонанд.
Корхонаи «Тоҷиксуғурта» дар ВМКБ ҳамчунин ба маблағи бештар аз 6 ҳазор сомонӣ ба ашхоси барҷомонда ва эҳтиёҷманд кумак кардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






