Афзоиши таваҷҷуҳи милитсия нисбат ба ҷавонон
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (РВКДН) таҳти раёсати муовини сардори РВКДН генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков оид ба қабул намудани низомномаи Шӯрои кормандони ҷавон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар он раиси Шӯрои собиқадорони ВКД Изатулло Шарифов, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонони ҶТ Носир Бӯриев ва кормандони РВКДН иштирок намуданд.
Атобек Имомёрбеков аз ҷумла изҳор дошт, ки мақсади ташкили чунин Шӯро аз баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ ва ташаббускории кормандони ҷавон дар вақти адои хизмат, самаранок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, пурзӯр намудани интизоми хизматӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи ҶТ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, тарбияи кормандони ҷавон дар содиқ будан ба савганди худ дар назди давлат ва Ватан, инчунин пешгирии қонуншиканӣ ва содиршавии дигар кирдорҳои нораво барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ байни аҳолӣ иборатмебошад.
Зикр шуд, ки Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, борҳо таъкид менамояд, ки ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафтаи ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили Шӯрои кормандони ҷавон дар мақомоти мазкур бо ташаббуси сардори РВКДН -и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов ба роҳ монда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






