Ашт: Як тан заҳролудшуда фавтид

Март 31, 2014 14:57

Хуҷанд, 31.03.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Як нафар бемори заҳролудшуда дар ноҳияи Ашт фавтид. Тавре ки яке аз наздикони хонаводаи фавтида, сокини деҳаи Қаҳрамон Иномҷон Қӯчқоров зимни тамоси телефонӣ иттилоъ дод, мутаассифона,  бегоҳии 28 март, ҷияни хурдсолаш  Самандар Султонови 10 сола, хонандаи синфи 3-юми  мактаби №30,  ҷамоати Шодоба пас аз бемории чандрӯза фавтидааст.   
Мувофиқ ба гуфти  муовини менеҷери сохтори госпиталии ноҳия оид ба корҳои муолиҷавӣ  Абдурауф Имомов: “Ҳолати бемор Самандар Султонови 10- сола,, ки дар шуъбаи эҳё қарор дошт, ниҳоят вазнин арзёби карда мешуд. Новобаста аз он, ки тӯли  шабонарӯзҳои  зиёд ӯ зери  назорати эҳёгарон ва дигар мутахассисон буд,  вале яку якбора бо аломатҳои норасоии шадиди нафаскашӣ, ки дар ин беморӣ дида мешавад, ӯ аз ҳисоби фалаҷи маркази нафасдиҳии  майнаи сар фавтид”.  
Ба гуфти манбаъ,  дар айни ҳол дар беморхонаи марказии ноҳия 41 нафар бемор бистарӣ шудааст. Аз он 3 тан —  2 нафар кӯдак ва 1 нафар калонсол дар шуъбаи эҳё буда, 38 нафари боқимонда дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхона мавриди табобат қарор доранд. 
Хотиррасон мекунем, ки 23-юми марти соли равон, ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз дар манзили яке аз сокинони маҳаллаи Оби ширини деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт, ки бо иштироки анқариб 70-80 нафар сокини хурду калони маҳалла доир гашт, бар асари истеъмоли консерваи дастисохт,  аз қабили помидору бодиринг  зиёда аз 40 нафар бо гумони бемории ҳасибак (ботулизм) дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шуда, умуман 62 нафар дар таҳти назорати табибон қарор доштанд. Сари вақт ба бемористон бурдани онҳо боиси пешгирӣ аз марги онҳо шудааст. 
 
 

Март 31, 2014 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе