Ашт: Як тан заҳролудшуда фавтид
Хуҷанд, 31.03.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Як нафар бемори заҳролудшуда дар ноҳияи Ашт фавтид. Тавре ки яке аз наздикони хонаводаи фавтида, сокини деҳаи Қаҳрамон Иномҷон Қӯчқоров зимни тамоси телефонӣ иттилоъ дод, мутаассифона, бегоҳии 28 март, ҷияни хурдсолаш Самандар Султонови 10 сола, хонандаи синфи 3-юми мактаби №30, ҷамоати Шодоба пас аз бемории чандрӯза фавтидааст.
Мувофиқ ба гуфти муовини менеҷери сохтори госпиталии ноҳия оид ба корҳои муолиҷавӣ Абдурауф Имомов: “Ҳолати бемор Самандар Султонови 10- сола,, ки дар шуъбаи эҳё қарор дошт, ниҳоят вазнин арзёби карда мешуд. Новобаста аз он, ки тӯли шабонарӯзҳои зиёд ӯ зери назорати эҳёгарон ва дигар мутахассисон буд, вале яку якбора бо аломатҳои норасоии шадиди нафаскашӣ, ки дар ин беморӣ дида мешавад, ӯ аз ҳисоби фалаҷи маркази нафасдиҳии майнаи сар фавтид”.
Ба гуфти манбаъ, дар айни ҳол дар беморхонаи марказии ноҳия 41 нафар бемор бистарӣ шудааст. Аз он 3 тан — 2 нафар кӯдак ва 1 нафар калонсол дар шуъбаи эҳё буда, 38 нафари боқимонда дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхона мавриди табобат қарор доранд.
Хотиррасон мекунем, ки 23-юми марти соли равон, ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз дар манзили яке аз сокинони маҳаллаи Оби ширини деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт, ки бо иштироки анқариб 70-80 нафар сокини хурду калони маҳалла доир гашт, бар асари истеъмоли консерваи дастисохт, аз қабили помидору бодиринг зиёда аз 40 нафар бо гумони бемории ҳасибак (ботулизм) дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шуда, умуман 62 нафар дар таҳти назорати табибон қарор доштанд. Сари вақт ба бемористон бурдани онҳо боиси пешгирӣ аз марги онҳо шудааст.








Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






