Аз беэҳтиётии ронанда 4 нафар ба ҳалокат расид

Март 1, 2014 11:39

Душанбе, 1.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тибқи иттиллои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», рақами давлатиаш ЕА 82-42 РТ 02, Низомиддин Юсуфов, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди Истаравшан-Ғончӣ бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 68-44 АР 02, таҳти идораи ронанда Илҳом Авезов, соли таваллудаш 1967 бархӯрдааст.Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра” Н. Юсуфов ва мусофирони мшини мазкур Қумрӣ Ғаниева, соли таваллудаш 1954, Омина Саидхоҷаева, соли таваллудаш 2010, сокинони шаҳри Истаравшан ва мусофири мошини тамғаи “Опел-Астра” Алибой Ҳасанов, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Ғончӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расиданд.Ронандаи мошини“Опел-Астра” И. Авезов ва мусофирони мшини мазкур Гулсара Юсуфова, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Ғончӣ ва Мадина Азимова, соли таваллудаш 1984, сокини Истаравшан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Март 1, 2014 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш