Ба доми фиреб афтидани духтарони ҷавон

Март 12, 2014 16:18

Душанбе, 12. 03. 2014 (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода).-Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд муайян шуд, ки шаҳрвандон Муяссара Раҳимова, соли таваллудаш 1974 ва Манижа Раҳимова, соли таваллудаш 1987, сокинони шаҳри Хуҷанд моҳи январи соли 2013 шаҳрванд Э.И., соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Исфараро бо мақсади истисмори шаҳвонӣ барои ба даст овардани маблағи пулӣ ҷиҳати ба шаҳри Дубайи Аморати Муттахидаи Араб рафтан моил намудаанд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, моҳи феврали соли 2013 М. Раҳимова аз ҳисоби маблағи худ ба хатсайри Екатеринбург-Дубай ба номи Э.И. чиптаи ҳавопаймо харидда, ӯро ба шаҳри Дубайи АМА бурда, дар хуҷраи иҷоравӣ, воқеъ дар бинои “Ал-Мадина” ҷойгир намудааст. Баъдан шиносномаи номбурдаро гирифта, ӯро зери истисмори шаҳвонӣ қарор дода, дар  давоми моҳи март то августи соли 2013 ба мардони гуногунмиллат барои истифодаи шаҳвонӣ аз 1000 то 50 ҳазор дирҳам маблағи АМА фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро барои эҳтиёҷи худ сарф намудааст.
Тибқи иттилои милитсия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 
 
 
 

Март 12, 2014 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе