Ба доми фиреб афтидани духтарони ҷавон
Душанбе, 12. 03. 2014 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд муайян шуд, ки шаҳрвандон Муяссара Раҳимова, соли таваллудаш 1974 ва Манижа Раҳимова, соли таваллудаш 1987, сокинони шаҳри Хуҷанд моҳи январи соли 2013 шаҳрванд Э.И., соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Исфараро бо мақсади истисмори шаҳвонӣ барои ба даст овардани маблағи пулӣ ҷиҳати ба шаҳри Дубайи Аморати Муттахидаи Араб рафтан моил намудаанд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, моҳи феврали соли 2013 М. Раҳимова аз ҳисоби маблағи худ ба хатсайри Екатеринбург-Дубай ба номи Э.И. чиптаи ҳавопаймо харидда, ӯро ба шаҳри Дубайи АМА бурда, дар хуҷраи иҷоравӣ, воқеъ дар бинои “Ал-Мадина” ҷойгир намудааст. Баъдан шиносномаи номбурдаро гирифта, ӯро зери истисмори шаҳвонӣ қарор дода, дар давоми моҳи март то августи соли 2013 ба мардони гуногунмиллат барои истифодаи шаҳвонӣ аз 1000 то 50 ҳазор дирҳам маблағи АМА фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро барои эҳтиёҷи худ сарф намудааст.
Тибқи иттилои милитсия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






