Баланд бардоштани фаъолнокии сиёсӣ ва рушди эҷодкории ҷавонон
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси ТҶ «Олами кӯдакон» дар доираи Лоихаи «Баланд бардоштани фаъолнокии сиёсӣ ва рушди эҷодкориҳои ҷавонон», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-2015» дастгирӣ ёфтааст, чорабинӣ доир гардид.Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, чорабинӣ бо иштироки доираи васеи ҷавонони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ва масъулини кумита баргузор гардид. Ёдовар мешавем , ки кумита бо мақсади татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ”дар доираи татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон» иқдому ташаббусҳои ташкилотҳои ҷамъиятиро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста дастгирӣ менамояд. Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушд ва устувории ҳаракатҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишвар ва рушди эҷодкории онҳо мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






