Баргузории ҷаласаи АҚТ дар Душанбе
Душанбе, 19.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 17 марти соли ҷорӣ дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят зери роҳбари Юрий Федотов, муовини Котиби генералии СММ ҷаласаи навбатии роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (Ташаббуси АҚТ) баргузор гардид.
Ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН), дар кори он директори АНМН Рустам Назаров, вазири мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон, раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон ва роҳбарони масъули Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят ва намояндагони дигар кишварҳо иштирок карда, натиҷаҳои ҳамкории сеҷониба, пешгӯӣ ва рушди вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа, инчунин самаранокии амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои зиддимухаддиротиро муҳокима намуданд.
Р. Назаров зимни суханронӣ пурзӯр намудани назорат аз болои муомилоти маводи нашъаовар ва баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои андешидашударо таъкид карда, пешниҳод намуд, ки бонки ягонаи иттилоот нисбат ба назорати прекурсорҳо созмон дода шавад. Дар хотимаи вохӯрӣ қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии вазирон, роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии кишварҳои ташаббуси АҚТ дар чорчӯбаи «Барномаҳои минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар солҳои 2011-2015» дар охири май- аввали июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






