Баргузории конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ

Март 6, 2014 10:01

  Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 14 марти соли 2014 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар  Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад.  
Дар кори конфронси мазкур намояндагон аз Маҷлиси Олӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати мудофиа, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ, Хадамоти гумрук, раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ректорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва олимони шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Дар конфронс мубодила ва музокираи афкор сурат гирифта, маърӯзачиён дар мавзӯи масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсон дар мурофиаи ҷиноятӣ,  инчунин дуруст ва сари вақт ҳал намудани онҳо сухан хоҳанд гуфт.

Март 6, 2014 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад