Баргузории конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ
Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 14 марти соли 2014 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад.
Дар кори конфронси мазкур намояндагон аз Маҷлиси Олӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати мудофиа, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ, Хадамоти гумрук, раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ректорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва олимони шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Дар конфронс мубодила ва музокираи афкор сурат гирифта, маърӯзачиён дар мавзӯи масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсон дар мурофиаи ҷиноятӣ, инчунин дуруст ва сари вақт ҳал намудани онҳо сухан хоҳанд гуфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






