Баррасии муносиботи фарҳангии Тоҷикистону Сербия

Март 7, 2014 09:31

Душанбе, 07.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо сафири Ҷумҳурии Сербия дар Федератсияи Русия Славенко Терзич масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илмҳои замонавиро баррасӣ намуданд. Котиби масъули Академияи илмҳо Сайёҳат Иброҳимова хабар дод, ки Славенко Терзич мақсад аз мулоқоти худро шарҳ дода, гуфт, ки ташрифашон ба ин даргоҳи илму маърифат аз наздик ошно шудан бо сохтори академия ва раёсатҳои он баҳри ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар оянда мебошад. Фарҳод Раҳимов дар бораи Академия маълумот дода, иброз дошт, ки он дар тобеи худ зиёда аз понздаҳ институт, шўъба ва марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ дорад. Гуфта мешавад, ки баъди вохӯрӣ ҷонибҳо аз осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Март 7, 2014 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад