Баррасии муносиботи фарҳангии Тоҷикистону Сербия
Душанбе, 07.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо сафири Ҷумҳурии Сербия дар Федератсияи Русия Славенко Терзич масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илмҳои замонавиро баррасӣ намуданд. Котиби масъули Академияи илмҳо Сайёҳат Иброҳимова хабар дод, ки Славенко Терзич мақсад аз мулоқоти худро шарҳ дода, гуфт, ки ташрифашон ба ин даргоҳи илму маърифат аз наздик ошно шудан бо сохтори академия ва раёсатҳои он баҳри ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар оянда мебошад. Фарҳод Раҳимов дар бораи Академия маълумот дода, иброз дошт, ки он дар тобеи худ зиёда аз понздаҳ институт, шўъба ва марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ дорад. Гуфта мешавад, ки баъди вохӯрӣ ҷонибҳо аз осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






