Баррасии низоми китобхонаҳои электронӣ дар Душанбе

Март 17, 2014 09:49

Душанбе, 17.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- «Низоми фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва ташкили маъхазҳои иттилоотии интернетӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон»- таҳти чунин ном рӯзҳои 15-16-уми майи соли равон дар Душанбе дуюмин конфронси ҷумуриявӣ доир мегардад.Тавре ки дар ин бора аз Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин дуюмин конфронси умумиҷумҳуриявии сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа мебошад, ки миёни китобхонаҳои кишвар доир мешавад.Дар конфронс 50 нафар роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ иштирок карда, масъалаҳои фаъолияти китобдориро мавриди баррасӣ қарор доданд.Мақсади конфронс аз ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар китобхонаҳо, ташкили китобхонаҳои электронӣ, ташкили маъхазҳои пурраматни электронӣ дар интернет иборат  хоҳад буд.

Март 17, 2014 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд