Баррасии таҷдидпазирии энергия
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). Дар ҷараёни боздиди расмии худ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 15 марти соли 2014 дар Теҳрон бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамид Читчиён мулоқот анҷом дод. Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаҳои энергетика ва зербинои нақлиёт, аз ҷумла амалисозии неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва нақби Истиқлолро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мусоҳибон инчунин дар мавриди баҳрабардории оқилона аз захираҳои обии минтақа ва манбаъҳои таҷдидпазири энергия мубодилаи афкор намуда, алоқамандии ду ҷонибро ба густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои муҳими зербиноӣ таъкид карданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






