Баррасии вазъи экологӣ дар Хатлон
Хатлон, 28.03.2014.(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторӣ).-Воқеан экология зухуротест, ки аз хонаи истиқоматӣ сарчашма гирифта, то кӯчаву мавзеъҳо рафта мерасад. Яке аз масъалаҳои маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дирӯз-ин баррасии вазъи экологӣ дар қаламрави вилоят буд. Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбонбой Каримов вазъи экологии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро ташвишовар арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа партовгоҳҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, лампаҳои симобдор дар дохили партовҳо хеле зиёд ба чашм мерасанд, ки ин ба фазои экологӣ зарари зиёд дорад. Пешниҳод шуд, ки тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ ҷоннок карда шавад. Инчунин дар иҷлосияи 17 даъвати чорум масъалаи андоз ва андозбандӣ мавриди муҳокимаи вакилони халқи вилояти Хатлон қарор гирифт. Сардори нозироти андози вилояти Хатлон Саидислом Амиров иброз дошт, ки дар қатори дигар корхонаҳо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ низ мавриди санҷиш қарор гирифт. Санҷиш нишон дод, ки 2000 хоҷагии деҳқонӣ бе кайди нозироти андоз фаъолият менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






