Беҳбуди хизматрасонии тиббӣ дар Кўҳистони Мастчоҳ
Кўҳистони Мастчоҳ,19.03.2014.(АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердӣ).-Муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ беҳтар мегардонанд. Дар давоми моҳҳои охир ба аҳолии ноҳия як маркази саломатӣ, панҷ маркази саломатии деҳот, даҳ муоинагоҳи тиббӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва як дорухона хизмат мерасонад.
Бемористони марказӣ имрўз дорои дасгоҳҳои рентгенӣ, ултрасадо ва озмоишгоҳи клиникӣ мебошад. Дар шифохонаи марказии ноҳия марказҳои танзими оила, ташаккули тарзи ҳаёти солим, табобати бемориҳои кўдакона ва эмкунӣ фаъолият доранд. Дар давоми нўҳ моҳ зиёда аз 1346 нафар мубталои бемориҳои сироатӣ, аз ҷумла 1320 нафар гирифтори бемории зуком ба қайд гирифта шуда, ба онҳо кумаки тиббӣ расонида шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






