Бинои мактаби нави № 8 дарҳои худро боз мекунад

Март 13, 2014 16:14

Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова).- «18  март  дар  шаҳри Душанбе маросими  ифтитоҳи  расмии  бинои  нави  мактаби миёнаи  №8  баргузор  мегардад. Роҳбари   раёсати маорифи  пойтахт  Ҳамидуллохон  Фақеров  дар  ин бора ба  АМИТ «Ховар» хабар  дод.
 
Ба  гуфтаи  Ҳамидуллохон  Фақеров, бинои нави  мактаб барои  1354 нафар  хонандагон  дар  як  баст  пешбинӣ  шуда, дар он  ба таври  умум  1652  нафар  мактабиён  таҳсил  мекунанд. 
 
Қобили  зикр  аст, ки  сохтмони  иншооти  навро Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди  «Тоҷ — Сохтмон Байналмилал» бо  фармоиши Раёсати сохтмони  асосии шаҳри  Душанбе ба  ӯҳда  дошт. Меъмори  боистеъдоди  ҷавон Шаҳноза  Раҳматуллоева лоиҳаи  мактаби  нави  иборат  аз шаш  болокро  офаридааст. 
 
Мактаби нав ҳамчунин китобхона,  студияи  хореография  ва  драматургия, толори  санъати тасвирӣ ва  сураткашӣ  дорад.

Март 13, 2014 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад