Бинои мактаби нави № 8 дарҳои худро боз мекунад
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- «18 март дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии бинои нави мактаби миёнаи №8 баргузор мегардад. Роҳбари раёсати маорифи пойтахт Ҳамидуллохон Фақеров дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба гуфтаи Ҳамидуллохон Фақеров, бинои нави мактаб барои 1354 нафар хонандагон дар як баст пешбинӣ шуда, дар он ба таври умум 1652 нафар мактабиён таҳсил мекунанд.
Қобили зикр аст, ки сохтмони иншооти навро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тоҷ — Сохтмон Байналмилал» бо фармоиши Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ба ӯҳда дошт. Меъмори боистеъдоди ҷавон Шаҳноза Раҳматуллоева лоиҳаи мактаби нави иборат аз шаш болокро офаридааст.
Мактаби нав ҳамчунин китобхона, студияи хореография ва драматургия, толори санъати тасвирӣ ва сураткашӣ дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






