Бори каҷ ба манзил нарасид

Март 6, 2014 16:07

Душанбе, 06.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста муборизаи беамон бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки интиқолдиҳандагони ин маводи марговарро сари вақт дастгир намуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ҳафтаи равон аз ҷониби кормандони милитсия зимни бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ якчанд далели қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ  ва ошкор  шуд. Чунончи, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД) дар ноҳияи Шӯрообод аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сайдалӣ валади Аҳмад, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи вилояти Бадахшон, улусволии Хоҳон ба миқдори 37 кг маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира гардид. Ҳамчунин кормандони ШВКД дар ноҳияи Сино-1 зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сӯҳроб Собиров, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 832 грамм маводи нашъадори навъи героин дарёфт ва мусодира шуд.  
Ба ҳамин монанд, шаҳрванд Умедҷон Қурбонов соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид. Аз номбурда зимни кофтукови шахсӣ ба миқдори 1 кг 772 грамм маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира шуд. 
 
 
 

Март 6, 2014 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад