Бори каҷ ба манзил нарасид
Душанбе, 06.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста муборизаи беамон бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки интиқолдиҳандагони ин маводи марговарро сари вақт дастгир намуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ҳафтаи равон аз ҷониби кормандони милитсия зимни бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ якчанд далели қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ ва ошкор шуд. Чунончи, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД) дар ноҳияи Шӯрообод аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сайдалӣ валади Аҳмад, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи вилояти Бадахшон, улусволии Хоҳон ба миқдори 37 кг маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира гардид. Ҳамчунин кормандони ШВКД дар ноҳияи Сино-1 зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сӯҳроб Собиров, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 832 грамм маводи нашъадори навъи героин дарёфт ва мусодира шуд.
Ба ҳамин монанд, шаҳрванд Умедҷон Қурбонов соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид. Аз номбурда зимни кофтукови шахсӣ ба миқдори 1 кг 772 грамм маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






