Боздиди Қ. Расулзода аз ҷараёни сохтмони иншоотҳои Ҳисор

Март 4, 2014 16:22

Душанбе, 04.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо ҷараёни корҳои омодагӣ ва сохтмони иншооти муҳими таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 3000- солагии Ҳисор шинос шуд.
Дар ҷараёни сафар Қоҳир Расулзода нахуст аз маҳали сохтмони роҳи марказии ноҳия бо тарҳи наву замонавӣ, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия барои 20 ҳазор ҷои нишаст, мактаби президентӣ барои 640 хонанда, чойхонаи миллӣ, кохи фарҳанг ва китобхона дидан карда, бо нақшаи сохтмони беморхонаи марказии ноҳия, осорхона, зеристгоҳи барқи 220 кВт, хаттҳои интиқоли барқ ва иншоти обу корезӣ шинос шуд.    
Масъулони ташкилоту идораҳои сохтмонӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт аз худ намудани маблағҳои барои сохтмони иншоот ҷудо гардида тадбирҳои дахлдор андешида, корҳои сохтмониро мувофиқи нақша боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
Зимни сафар таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳалли мушкилоти марбут ба сохтмони роҳ, таъминоти нерўи барқ ва барқарорсозию беҳтарсозии кори иншооти обу корезӣ равона гардида, таҳияи саривақтии  лоиҳаи иншооти марбут ба соҳаҳои мазкур дар кўтоҳтарин муҳлат зарур шуморида шуд. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки барои ҳалли мушкилоти марбут ба қитъаҳои замине, ки  барои сохтмони  иншооти ҷашнӣ ҷудо гардидаанд  ва омода кардани мавзеъҳои пешбинишуда барои оғози корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷараёни сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сайёри Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 3000- солагии Ҳисор натиҷагирӣ шуд.
Қоҳир Расулзода таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дар сатҳи баланди омодагиҳо истиқбол намудани ҷашни 3000- солагии Ҳисор аз аъзои Кумитаи тадорукот ва дигар масъулони дахлдор талаб намуда изҳор дошт, ки дар баробари пешбурди корҳои сохтмонӣ, ҳамзамон бояд ба масъалаи ободонию хуррамгардонӣ, чароғон намудани кўчаю маҳаллаҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ ва дар маҷмўъ, беҳтарсозии намуди зоҳирии шаҳраки Ҳисор  диққати махсус  дода шавад.
 
 
 
 
 

Март 4, 2014 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст