Боздиди Қ. Расулзода аз ҷараёни сохтмони иншоотҳои Ҳисор
Душанбе, 04.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо ҷараёни корҳои омодагӣ ва сохтмони иншооти муҳими таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 3000- солагии Ҳисор шинос шуд.
Дар ҷараёни сафар Қоҳир Расулзода нахуст аз маҳали сохтмони роҳи марказии ноҳия бо тарҳи наву замонавӣ, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия барои 20 ҳазор ҷои нишаст, мактаби президентӣ барои 640 хонанда, чойхонаи миллӣ, кохи фарҳанг ва китобхона дидан карда, бо нақшаи сохтмони беморхонаи марказии ноҳия, осорхона, зеристгоҳи барқи 220 кВт, хаттҳои интиқоли барқ ва иншоти обу корезӣ шинос шуд.
Масъулони ташкилоту идораҳои сохтмонӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт аз худ намудани маблағҳои барои сохтмони иншоот ҷудо гардида тадбирҳои дахлдор андешида, корҳои сохтмониро мувофиқи нақша боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
Зимни сафар таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳалли мушкилоти марбут ба сохтмони роҳ, таъминоти нерўи барқ ва барқарорсозию беҳтарсозии кори иншооти обу корезӣ равона гардида, таҳияи саривақтии лоиҳаи иншооти марбут ба соҳаҳои мазкур дар кўтоҳтарин муҳлат зарур шуморида шуд. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки барои ҳалли мушкилоти марбут ба қитъаҳои замине, ки барои сохтмони иншооти ҷашнӣ ҷудо гардидаанд ва омода кардани мавзеъҳои пешбинишуда барои оғози корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷараёни сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сайёри Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 3000- солагии Ҳисор натиҷагирӣ шуд.
Қоҳир Расулзода таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дар сатҳи баланди омодагиҳо истиқбол намудани ҷашни 3000- солагии Ҳисор аз аъзои Кумитаи тадорукот ва дигар масъулони дахлдор талаб намуда изҳор дошт, ки дар баробари пешбурди корҳои сохтмонӣ, ҳамзамон бояд ба масъалаи ободонию хуррамгардонӣ, чароғон намудани кўчаю маҳаллаҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ ва дар маҷмўъ, беҳтарсозии намуди зоҳирии шаҳраки Ҳисор диққати махсус дода шавад.








Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






