Боздиди Қ. Расулзода аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб
Душанбе, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон бо вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва омодагии иншооти обрасон ба мавсими нави обёрӣ шинос шуд.
Дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Фархор Қоҳир Расулзода аз маҳали фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ, ки барои таъмини хоҷагии халқ ва заминҳои кишоварзии ин ноҳияҳо бо об пешбинӣ шудаанд, дидан кард. Сарвазири мамлкат барои таъмини фаъолияти мунтазами иншооти обрасон, таъмиру барқарорсозии онҳо, дастрас намудани қисмҳои эҳтиётии зарурӣ ва ҳамаҷониба омода намудани онҳо ба мавсими нави обёрӣ ба масъулони вазорату идораҳо ва роҳбарияти ноҳияҳои номбаршуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани маҷрои дарё дар соҳили дарёи Ёхсу ва сойи Даҳана дар қаламрави шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Восеъ шинос шуд. Дар мавзеъҳои хавфноки дарёи Ёхсу ва сойи Даҳана корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани маҷрои дарё бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати мамлакат пеш бурда шуда, дар марҳилаҳои анҷомёбӣ қарор доранд. Барои бо сифати баланд ва дар муҳалати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои пешбинишуда дастур дода шуд, ки масолеҳи сохтмонӣ ва сўзишворӣ сари вақт таъмин гардида, азхудкунии маблағҳои ҷудогардида дуруст ба роҳ монда шавад ва бо ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби аҳолии маҳалӣ аз тариқи ҳашарҳои умумӣ ва афзун намудани шумораи техникаи корӣ иҷрои корҳои пешбинишуда таъмин шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






