Боздиди Қ. Расулзода аз вилояти Суғд
Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 6-9 марти соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҳолати омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нави обёрӣ ва ҷараёни сохтмони иншооти гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд.Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Зафаробод аз маҳали силсилапойгоҳҳои обкашии хурду бузурги Мирзочӯл боздид ба амал овард. Тавре ки маълум шуд, корҳои таъмиру тармими пойгоҳҳои обкаши мазкур дар сатҳи хуб ҷараён дошта, рўзҳои наздик иншоот пурра омодаи кор мешавад. Дар ин пойгоҳҳои обкашӣ баъди 16- соли бе фаъолиятӣ имсол ду агрегати он аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар мавсими нави обёрӣ иловатан ба иқтидори мавҷудаи силсилапойгоҳҳо тавоноии 3 кубометр сония обро зам менамояд. Корҳои омодасозии иншооти обёрӣ дар ноҳияи Мастчоҳ низ мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда, таъмиру тармимсозии муҳаррик ва агрегатҳои пойгоҳи обкашии Дилварзин-2 дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад. Қоҳир Расулзода баъди ошноии пурра бо ҳолати омодагии иншооти обёрӣ дар ноҳияҳои мазкур ҷараёни корҳои омодагиро ба мавсими нави обёрӣ хуб арзёбӣ карда, таъкид кард, ки барои ҳалли мушкилоти фаъолияти пурраи пойгоҳҳои обкашӣ, аз ҷумла маблағгузории корҳои анҷомдодашуда, пардохти музди маоши кормандон ва дигар хизматрасониҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он бо сохтмони як силсила иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла сохтмони майдони Парчами миллӣ, биноҳои маъмурию истиқоматӣ, коргоҳи маҳсулоти ширӣ, маркази омўзишӣ- истеҳсолии қолинбофӣ ва сўзанидӯзӣ шиносоӣ пайдо кард. Зимни шиносоӣ таваҷҷуҳи асосии масъулони дахлдори вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, вусъат бахшидани маъракаи ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва хуррамгардонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ нигаронида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






