Боздошти узви фаъоли гурӯҳи мусаллаҳ
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар роҳзанӣ шаҳрванд Шарифов Фазлиддин Розиқович, соли таваллудаш 1960, сокини деҳаи Самарқанди ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд, ки номбурда як узви фаъоли гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии Муаккалов Мансур Исроилбекович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи мазкур ба шумор рафта, аз соли 1996 то 22 июни соли 2001 дар гурӯҳи номбурда фаъолияти ҷинояткорона намудааст.
Дар айни замон шаҳрванд Фазлиддин Шарифов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






