Бозгӯии мушкилот ба раиси шаҳри Истаравшан

Март 5, 2014 10:00

 
Душанбе, 5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллозода дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо хатмкунандагони риштаи омӯзгории донишгоҳи мазкур мулоқот намуд. Ба иттилои сардори маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод  Иброҳим Абдуллозода  гуфт, ки дар шаҳри Истаравшан 72 муассисаи таълимӣ бо шумули як омӯзишгоҳи тиббӣ, як коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва як литсейи касбӣ- техникӣ фаъолият дорад, ки дар он 52 ҳазору 595 нафар муҳассил ба таълим фаро гирифта шудааст. Дар давраи Истиқлолияти кишвар 59 нафар донишҷӯ-зодаи ин шаҳри бостонӣ, макотиби олии хориҷи мамлакатро хатм намуд. 
Дар баробари муваффақиятҳо Иброҳим Абдуллозода аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ изҳори нигаронӣ ва ташвиш намуда, афзуд, ки 77 нафар ҷавонони Истаравшан дар мамолики исломӣ ба таълими ғайриқонунӣ фаро гирифта шуда буданд.  Тибқи дастури Роҳбари давлат 72 нафари эшон ба Ватан баргардонида шуда, 5 нафари дигар дар арафаи баргардонидан қарор дорад.
Дар фарҷоми мулоқот донишҷӯён  мушкилоти худро ба раиси шаҳр изҳор доштанд. Раиси шаҳр Иброҳим Абдуллозода ба 29 нафар донишҷӯи ятиму камбизоат кӯмаки молӣ расонид.
 

Март 5, 2014 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад