Бозгӯии мушкилот ба раиси шаҳри Истаравшан
Душанбе, 5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллозода дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо хатмкунандагони риштаи омӯзгории донишгоҳи мазкур мулоқот намуд. Ба иттилои сардори маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод Иброҳим Абдуллозода гуфт, ки дар шаҳри Истаравшан 72 муассисаи таълимӣ бо шумули як омӯзишгоҳи тиббӣ, як коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва як литсейи касбӣ- техникӣ фаъолият дорад, ки дар он 52 ҳазору 595 нафар муҳассил ба таълим фаро гирифта шудааст. Дар давраи Истиқлолияти кишвар 59 нафар донишҷӯ-зодаи ин шаҳри бостонӣ, макотиби олии хориҷи мамлакатро хатм намуд.
Дар баробари муваффақиятҳо Иброҳим Абдуллозода аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ изҳори нигаронӣ ва ташвиш намуда, афзуд, ки 77 нафар ҷавонони Истаравшан дар мамолики исломӣ ба таълими ғайриқонунӣ фаро гирифта шуда буданд. Тибқи дастури Роҳбари давлат 72 нафари эшон ба Ватан баргардонида шуда, 5 нафари дигар дар арафаи баргардонидан қарор дорад.
Дар фарҷоми мулоқот донишҷӯён мушкилоти худро ба раиси шаҳр изҳор доштанд. Раиси шаҳр Иброҳим Абдуллозода ба 29 нафар донишҷӯи ятиму камбизоат кӯмаки молӣ расонид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






