Бозори фурӯши ниҳоли Хоруғ фаъол гашт
Хоруғ, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои гуногуни хӯрокӣ баргузор гардид.
Деҳқонон аз кулли навоҳии вилоят дастранҷи худро, аз қабили тухмии зироатҳо, ниҳолҳои ситрусӣ ва дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гӯшту шир, ҷурғоту панир ва моҳӣ ба фурӯш гузоштанд.
Аммо аз ҳама бештар сокинони шаҳр ва атрофи он ба ниҳоли лимӯ, ки онро деҳқонони ноҳияи Дарвоз ба бозор бароварданд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд, зеро дар гузашта олимон бар ин ақида буданд, ки дар шароити кӯҳистон парвариши лимӯ ғайриимкон мебошад. Вале таҷриба нишон дод ки дар шароити хона дар кӯҳистон ҳам мешавад ин навъи ниҳолро парвариш кард ва он хеле хуб нашъу намо меёбад.
Сардори раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев гуфт, ки имсол ният доранд дар ҳудуди вилоят 67 ҳазор ниҳоли баҳрадор ва 30 ҳазор ниҳоли ороишӣ шинонанд. Деҳқонон аз вилояти Суғд ба сокинони шаҳри Хоруғ ду навъи моҳиро пешкаш карданд, ки дар зудтарин фурсат ба фурӯш рафт.
Чорвопарварони ноҳияи Мурғоб низ дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти гӯштиро, ки дар шаҳри Хоруғ талабот ба он нисбат ба дигар маҳсулот рӯзҳои охир афзудааст, бо нархи то 26 сомонӣ ба фурӯш гузоштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






