«Бозтоб» -и Назрӣ Асадзода

Март 28, 2014 14:28

Ҳисор,28.03.2014.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Бахши адабии ноҳияи Ҳисор барои иншои  асарҳои баландмазмун имкониятҳои хуби эҷодӣ дорад. Дар байни шоирону нависандагоне, ки дар ноҳияи Ҳисор фаъолият доранд, шоири боистеъдод Назрӣ Асадзода бо иншои шеърҳои ишқӣ ва ирфониаш шуҳратёр аст. 
Ба наздикӣ китоби нави ӯ бо номи «Бозтоб» дастраси хонандагон гардид. Дар китоб шеърҳое рӯи қоғаз омадаанд, ки дар солҳои қаблӣ иншо шуда ва ба дарди дили хонанда марҳам шуда метавонанд, зеро дарди дили Назрӣ Асадзода дарди ҷомеа, ғами ӯ ғами мардум, ташвиши ӯ ташвиши имрӯзу фардои миллат аст. 
 

Март 28, 2014 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш