Бунёди 1000 гектар боғи нав дар Восеъ
Восеъ, 4.03.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Солҳои охир соҳаи боғу токпарварӣ дар ноҳияи Восеъ рушд ёфта, бо ин мақсад барномаи махсус дар ин самт ба тавсиб расид.
Тавре ки Рустам Фақеров, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ гуфт, мувофиқи нақшаи дурнамо дар ноҳия дар соли 2014 бояд дар майдони 1000 гектар боғу токзор бунёд шавад. То ин муддат дар майдони 873 гектар боғу токзор бунёд шудааст.
Соли ҷорӣ боғу токпарварон мақсад доранд дар майдони 127 гектар токзор бунёд намоянд. Боғдорон дар айни ҳол ниҳолҳои серҳосили токро интихоб карда, қитъаҳои замин барои парвариши ниҳолҳоро муайян доранд. Дар кори бунёди боғҳои нав хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, Гулистон, ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, Абдӣ Авазов ва Мирзоалӣ Вайсов пешсаф мебошанд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






