Бунёди 1000 гектар боғи нав дар Восеъ

Март 4, 2014 10:44

Восеъ, 4.03.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймони Хол).-Солҳои охир  соҳаи боғу  токпарварӣ  дар ноҳияи Восеъ  рушд ёфта,  бо ин мақсад барномаи махсус   дар ин самт ба тавсиб расид. 
Тавре  ки Рустам Фақеров,  муовини раиси ноҳия оид  ба соҳаи кишоварзӣ гуфт, мувофиқи  нақшаи дурнамо  дар ноҳия дар соли 2014  бояд дар майдони  1000 гектар  боғу токзор  бунёд  шавад.  То ин муддат дар майдони  873 гектар  боғу  токзор  бунёд шудааст. 
Соли ҷорӣ боғу токпарварон  мақсад доранд  дар майдони 127 гектар  токзор бунёд намоянд.   Боғдорон дар айни ҳол   ниҳолҳои  серҳосили токро  интихоб карда, қитъаҳои замин барои парвариши ниҳолҳоро  муайян доранд.  Дар кори бунёди боғҳои нав  хоҷагиҳои ҷамоатҳои  деҳоти  ба номи  Миралӣ Маҳмадалиев, Гулистон, ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, Абдӣ Авазов  ва Мирзоалӣ Вайсов  пешсаф мебошанд.
 

Март 4, 2014 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд