Бурёкӯбони кормандони ҳифзи ҳуқуқ

Март 6, 2014 11:18

      Хоруғ, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Иддае  аз кормандони мақомоти низомию  амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ  сохиби  хонаҳои барҳаво гардиданд. Ин бинои истиқоматии шаштабақа  ва дорои 24 хона бо дастури Сарвари давлат дар маркази шаҳри Хоруғ бунёд гардид.
Моҳи ноябри соли 2012 бо маблағгузории дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат  сохтмони бино оғоз шуд ва он дар давоми ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раиси  шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев зимни маросими бурёкӯбон ҳамаи онҳоеро, ки хонаи  нав гирифтанд, табрик намуда,  ба онҳо хонаободӣ орзу намуд.
Сардори шуъбаи сохтмони асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Шероз Абдуллоев гуфт, ки бо супориши Президенти кишвар соли равон дар ҳамин макон ба бунёди боз як бинои истиқоматии 50 ҳуҷрадор  оғоз хоҳанд кард.
 
 

Март 6, 2014 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст