Бурёкӯбони кормандони ҳифзи ҳуқуқ
Хоруғ, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Иддае аз кормандони мақомоти низомию амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ сохиби хонаҳои барҳаво гардиданд. Ин бинои истиқоматии шаштабақа ва дорои 24 хона бо дастури Сарвари давлат дар маркази шаҳри Хоруғ бунёд гардид.
Моҳи ноябри соли 2012 бо маблағгузории дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат сохтмони бино оғоз шуд ва он дар давоми ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев зимни маросими бурёкӯбон ҳамаи онҳоеро, ки хонаи нав гирифтанд, табрик намуда, ба онҳо хонаободӣ орзу намуд.
Сардори шуъбаи сохтмони асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Шероз Абдуллоев гуфт, ки бо супориши Президенти кишвар соли равон дар ҳамин макон ба бунёди боз як бинои истиқоматии 50 ҳуҷрадор оғоз хоҳанд кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






