«Чароғи ҳидоят»-маҳфили тарбиявӣ

Март 6, 2014 11:16

Душанбе, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии тарбиявию маърифатии донишгоҳии «Чароғи ҳидоят» таҳти унвони «Ҷавонон — неруи ояндасози миллат ва давлати Тоҷикистон» баргузор гардид.
Мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи Раёсати донишгоҳ дотсент Маҳмудҷон Ӯлмасов дар маҳфил гуфт, ки: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд».  Сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар шароити кунунӣ ҳамчун ҷузъи қавии сиёсати куллии давлати тоҷикон шинохта шудааст, як рукни муҳими хешро дар шинохти арзишҳои маънавии гузаштагон, сабақбардорӣ аз дастовардҳои таърихии аҷдодӣ ва дар ин замина таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ сомон бахшидааст. 
Раиси собиқадорони донишгоҳ профессор Мавлон Исмоилов дар мавзӯи «Ҷавонон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» изҳор намуд, ки: «Имрӯз аз он ифтихор дорем, ки таърих ва илму фарҳанги бойи халқу миллатамон асрҳо боз таваҷҷуҳи олимону тадқиқотчиёни соҳаҳои педагогикаю психология, фалсафаю мантиқ, забоншиносию адабиёт, тиббу математикаю астрономияро ба худ ҷалб карда меояд. Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд».
Дар ин бора аз маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳи мазкур хабар доданд.
 

Март 6, 2014 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст