«Чароғи ҳидоят»-маҳфили тарбиявӣ
Душанбе, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии тарбиявию маърифатии донишгоҳии «Чароғи ҳидоят» таҳти унвони «Ҷавонон — неруи ояндасози миллат ва давлати Тоҷикистон» баргузор гардид.
Мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи Раёсати донишгоҳ дотсент Маҳмудҷон Ӯлмасов дар маҳфил гуфт, ки: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар шароити кунунӣ ҳамчун ҷузъи қавии сиёсати куллии давлати тоҷикон шинохта шудааст, як рукни муҳими хешро дар шинохти арзишҳои маънавии гузаштагон, сабақбардорӣ аз дастовардҳои таърихии аҷдодӣ ва дар ин замина таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ сомон бахшидааст.
Раиси собиқадорони донишгоҳ профессор Мавлон Исмоилов дар мавзӯи «Ҷавонон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» изҳор намуд, ки: «Имрӯз аз он ифтихор дорем, ки таърих ва илму фарҳанги бойи халқу миллатамон асрҳо боз таваҷҷуҳи олимону тадқиқотчиёни соҳаҳои педагогикаю психология, фалсафаю мантиқ, забоншиносию адабиёт, тиббу математикаю астрономияро ба худ ҷалб карда меояд. Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд».
Дар ин бора аз маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳи мазкур хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






