Чкалов: Ҷалби беш аз 350 наврас ба касбомӯзӣ

Март 14, 2014 11:06

Душанбе, 14.03.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар бинои шуъбаи маорифи шаҳри Чкалов маҳсули эҷоди муҳассилини Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр ба маърази тамашо гузошта шуд.
Тавре  ки сарвари марказ Хосият Бобоева иттилоъ дод, ҳоло дар ин марказ беш аз 350 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ  ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо 12 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд. Дар ин марказ маҳфилҳои “Рассомӣ”, ”Дӯзандагӣ”, ”Забони русӣ”, “Навозандагӣ” ”Мухбирони ҷавон”, ”Рӯзгордорӣ” ва ба монанди ин чандин маҳфили дигар амал менамоянд. Дар самти дӯзандагӣ 15 нафар хонанандаи макотиби миёна бо таҷҳизоти дӯзандагӣ таъмин буда, ба омӯзиш фаро гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки дар қаламрави шаҳри Чкалов дар айни замон 2 гимназия, 1 литсей ва 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 1 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ҳамчунин мактаби Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд бо фарогирии 830 нафар ва мактаб-интернати махсусгардонидашудаи вилоятӣ бо фарогирии 136 нафар тарбиятгиранда фаъолият менамояд.
 
 
 
 
 

Март 14, 2014 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст