Чкалов: Ҷалби беш аз 350 наврас ба касбомӯзӣ
Душанбе, 14.03.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар бинои шуъбаи маорифи шаҳри Чкалов маҳсули эҷоди муҳассилини Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр ба маърази тамашо гузошта шуд.
Тавре ки сарвари марказ Хосият Бобоева иттилоъ дод, ҳоло дар ин марказ беш аз 350 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо 12 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд. Дар ин марказ маҳфилҳои “Рассомӣ”, ”Дӯзандагӣ”, ”Забони русӣ”, “Навозандагӣ” ”Мухбирони ҷавон”, ”Рӯзгордорӣ” ва ба монанди ин чандин маҳфили дигар амал менамоянд. Дар самти дӯзандагӣ 15 нафар хонанандаи макотиби миёна бо таҷҳизоти дӯзандагӣ таъмин буда, ба омӯзиш фаро гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки дар қаламрави шаҳри Чкалов дар айни замон 2 гимназия, 1 литсей ва 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 1 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ҳамчунин мактаби Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд бо фарогирии 830 нафар ва мактаб-интернати махсусгардонидашудаи вилоятӣ бо фарогирии 136 нафар тарбиятгиранда фаъолият менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






