Д.Назиров 75 – сола шуд

Март 14, 2014 12:00

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар»,  Назир  Назиров).- Олим, нависанда, ходими  бахши  амният ва журналист  Давлатхоҷа  Назиров  75- умин солгарди зодрӯзашро  таҷлил  намуд. 
 
Давлатхоҷа  Назиров соли  1939  дар  деҳаи Қизил – Моҷири  ноҳияи  Фархор   таваллуд шудааст. Мавсуф  соли  1956  ба факултаи улуми табиатшиносӣ, шуъбаи биологияи Донишгоҳи  давлатии  Тоҷикистон  ба  номи  В.И.Ленин  дохил  гардида, соли 1961 онро  аз  рӯи  ихтисоси ҳайвонотшинос,  муаллими биология  ва  кимиё  бомуваффақият хатм  кард.
 
Солҳои гуногун  дар  мақомоти ҳизбӣ ва Кумитаи  амнияти давлатӣ  дар  шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа  ва  Перми  Федератсияи  Русия  фаъолият  кардааст. 
 
Давлатхоҷа  Назиров   моҳи  октябри  соли  1989 бо  унвони ҳарбии полковник ба  нафақа баромад. Аз соли  2001  генерал —  майори мустафеи Қувваҳои мусаллаҳи  ИҶШС  мебошад.
 
Барои хидматҳои  поквиҷдононаю некаш борҳо сазовори ифтихорномаҳо гардида, бо  21  медал ва инъомҳои  қиматбаҳои  роҳбарияти Кумитаи амнияти  давлатии Иттиҳоди  Ҷамоҳири  Шӯравии  Сусёлистӣ   қадр  шудааст. 

Март 14, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад