Д.Назиров 75 – сола шуд
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Олим, нависанда, ходими бахши амният ва журналист Давлатхоҷа Назиров 75- умин солгарди зодрӯзашро таҷлил намуд.
Давлатхоҷа Назиров соли 1939 дар деҳаи Қизил – Моҷири ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Мавсуф соли 1956 ба факултаи улуми табиатшиносӣ, шуъбаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил гардида, соли 1961 онро аз рӯи ихтисоси ҳайвонотшинос, муаллими биология ва кимиё бомуваффақият хатм кард.
Солҳои гуногун дар мақомоти ҳизбӣ ва Кумитаи амнияти давлатӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Перми Федератсияи Русия фаъолият кардааст.
Давлатхоҷа Назиров моҳи октябри соли 1989 бо унвони ҳарбии полковник ба нафақа баромад. Аз соли 2001 генерал — майори мустафеи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС мебошад.
Барои хидматҳои поквиҷдононаю некаш борҳо сазовори ифтихорномаҳо гардида, бо 21 медал ва инъомҳои қиматбаҳои роҳбарияти Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусёлистӣ қадр шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






