Дар ҷустуҷӯи овози «тиллоӣ»

Март 11, 2014 15:44

Хоруғ, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар студияи телевизиони Бадахшон сабти даври аввали озмуни «Овози тиллоӣ» оғоз ёфт. Бори панҷум аст, ки ҳайати эҷодии телевизиони «Баҳористон» ба хотири ҷустуҷӯ ва дарёфти истеъдодҳои наврас, рушд ва такомули ҳунари онҳо ба Бадахшон сафар мекунанд.Сармуҳаррири шуъбаи фарҳанг ва фароғатии шабакаи мазкур Умед Ҷумъаев гуфт, ки: «Дар шаҳру навоҳии ВМКБ шавқу рағбати кӯдакону наврасон ба ин озмун хеле зиёд аст ва аз ин рӯ мо ба ин сафар аз қабл омодагӣ дидем. Ҳайати гурӯҳи кории мо аз 16 нафар иборат аст. Ҳарчанд ҳамроҳи худ мутахассисон ва тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зуруриро овардем, аммо кумаки кормандони техникӣ ва эҷодии телевизиони маҳаллӣ дар сабти озмун хеле муассир аст». Ба гуфтаи Умед Ҷумъев соли гузашта наздики 200 нафар кӯдаку наврас дар озмун ширкат дошт ва бештар аз 12 нафараш ба даври дуюму саввум роҳхат гирифт. Париноз Ақназарова аз ноҳияи Рӯшон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол кард ва тибқи квота ба Консерваторияи миллии ба номи Талабхӯҷа Сатторов шомил гардид. Имсол довталабони озмун аз порсола дида панҷ маротиба бештаранд..

Март 11, 2014 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард