Дар Наврӯз қурби доллар тағйир наёфт
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар рӯзҳои истироҳат ва таҷлили ҷашни Наврӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари ИМА бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,9770-4,9940 сомониро ташкил намуд. Қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, ба 0,1383-0,1393 сомонӣ барои як рубли русӣ ва 6,7920-6,8140 сомонӣ барои як евро баробар шуд. Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 27 март қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе 4,9770-4,9950 сомонӣ, Хуҷанд 4,9800-4,9900 сомонӣ ва Қурғонтеппа 4,9800-4,9900 сомониро ташкил намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






