Даргузашти собиқ вакили Парлумон

Март 17, 2014 09:31

Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз собиқадори соҳаи маориф, собиқ вакили Парлумон, арбоби давлатӣ Файзулло Хушвақтов дар синни 70-солагӣ аз дунё даргузашт.Файзулло Хушвақтов 15 феврали соли 1944 таваллуд шудааст. Марҳум дар соҳаи маориф ва парламентаризми миллӣ саҳми босазо гузоштааст. Файзулло Хушвақтов ҳамчун вакили халқ дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҶТ иштирок карда, баъдан ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, намояндаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург, мудири шуъбаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали вазири маориф фаъолият кардааст.

Март 17, 2014 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш