Дарёфти маводи нашъадор аз мусофири мошин
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Истаравшан аз ҷониби кормандони милитсия мошини тамғаи «Musso», таҳти идораи ронанда Қувватов Олимбек Ёрибекович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ боздошт шуд. Дар вақти кофтукови мошини мазкур 364,2 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира гардид. Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки маводи нашъадор ба мусофири мошин Ҳотамов Суҳроб Нарзиевич, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ тааллуқ доштааст. Шаҳрванд Ҳотамов Суҳроб Нарзиевич ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






