Даст ба худкушӣ задани шаҳрванд

Март 28, 2014 14:48

Душанбе,  28. 03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, 27 марти соли 2014, тахминан соати 10:10-дақиқа дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди мағозаи «Варзишӣ», шаҳрванд Раҳмонов Шавкат Ҳамидович, соли таваллудаш 1940, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, кӯшиши худро оташ задан мекунад. Раҳмонов Ш.Ҳ. дар айни замон дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Сабаби даст ба худкушӣ задани шаҳрванд Раҳмонов Ш.Ҳ.- ин муноқишаи оилавӣ оид ба тақсимоти манзил мебошад.
Бо ҳалномаи Суди шаҳри Душанбе манзили истиқоматии ӯ, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, байни Раҳмонов Шавкат Ҳамидович ва духтараш Раҳмонова Нӯшофарин Шавкатовна, соли таваллудаш 1971, сокини ҳамон ҷо баробар тақсим шудааст.
Аз суханони Раҳмонова Нӯшофарин падараш муддати ду сол инҷониб гирифтори бемории рӯҳӣ буда, қаблан низ кӯшиши худкушӣ доштааст.

Март 28, 2014 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад