Даст ба худкушӣ задани шаҳрванд
Душанбе, 28. 03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, 27 марти соли 2014, тахминан соати 10:10-дақиқа дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди мағозаи «Варзишӣ», шаҳрванд Раҳмонов Шавкат Ҳамидович, соли таваллудаш 1940, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, кӯшиши худро оташ задан мекунад. Раҳмонов Ш.Ҳ. дар айни замон дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Сабаби даст ба худкушӣ задани шаҳрванд Раҳмонов Ш.Ҳ.- ин муноқишаи оилавӣ оид ба тақсимоти манзил мебошад.
Бо ҳалномаи Суди шаҳри Душанбе манзили истиқоматии ӯ, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, байни Раҳмонов Шавкат Ҳамидович ва духтараш Раҳмонова Нӯшофарин Шавкатовна, соли таваллудаш 1971, сокини ҳамон ҷо баробар тақсим шудааст.
Аз суханони Раҳмонова Нӯшофарин падараш муддати ду сол инҷониб гирифтори бемории рӯҳӣ буда, қаблан низ кӯшиши худкушӣ доштааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






